1 Июн 2021 - 13:08
Дархости номзади садри аъзамии ояндаи Олмон барои таваққуфи тарҳи газии “Норд стрим -2”

Номзади садри аъзамии ояндаи Олмон аз ҳизби Сабз, таваққуфи пружаи газии “Норд Стрим -2” - ро хостор шуд.

ABNA24 : Ба гузориши нашрияи “Билд” –и Олмон, Анналена Баербок, номзади маҳбуби садри аъзамӣ дар Олмон аз ҳизби Сабз, дар ин бора изҳор дошт: Давлати Олмон аз як тараф аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ва аз тарафи дигар аз тарҳи “Норд стрим -2” ҳимоят мекунад, ки ин дақиқан хилофи якдигар аст.

Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки акнун охирин километрҳои хати лӯлаи интиқоли гази Русия ба Аврупо, мавсум ба “Норд стрим -2” дар ҳоли такмил шудан аст.

Ба навиштаи ин нашрияи олмонӣ, ҳудуди 80 нафар аз сиёсатмадорон, донишмандон ва низомиёни барҷастаи ғарбӣ низ дар номаи саркушодае таваққуфи фаврии ин пружаи газиро аз давлати Олмон дархост кардаанд.

Ин пружаи газӣ, ки беш аз навад дарсади он такмил шудааст, қарор аст дар оянда 55 миллиард метри мукааб гази табииро аз Русия ба Олмон мунтақил кунад.

Амрико ба баҳонаи вобастагии Аврупо ба гази Русия, шадидан бо ин пружаи газӣ мухолиф аст.

342/